БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи иҷтимоӣ» хониши сиёсӣ оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот Назарзода Алӣ оид ба вазъи бемории коронавирус (COVID-19) суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукри Худо, ки дар кишварамон ягон ҳолати мубталоёни ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, лекин ин маънои онро надорад, ки мо лаҳзае бепарво бошем. Дар ин росто моро мебояд ба дастурҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои итоат намуда, тавсияҳои онҳоро ҷиҳати пешгирии ин бемории марговар риоя ва иҷро намоем.

Ҳамзамон, мавсуф дар масъалаи истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ сухан ронда, иброз доштанд, ки моро зар аст, ки дар вазияти мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки бо сабаби хуруҷ ёфтани бемории COVID -19 боз ҳам мураккабтар гаштааст, аз заминҳои насдиҳавлигии худ самаранок истифода барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg