ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо як гурӯҳ кормандони мухталифи соҳаҳои шаҳр, аъзои гурӯҳи ихтиёриён ва раисони кумитаҳои маҳал дар мавзӯи «Саҳми ману ту дар пешгирии бемории коронавирус чист?» семинар-машварат доир гардид.
Ба гуфти мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Нуринисо Ибодуллоева ин тасмим баҳри маълумоти бештару саҳеҳтар додан ба гурӯҳҳои корӣ ва дар ин замина хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Имрӯз мо бояд кӯшиш бар он дошта бошем, ки мардумро ба ҷиддӣ будани хавфи эҳтимоли пайдоиши бемории коронавирус огоҳ созем ва ҳамзамон паҳн шудани хабарҳои дурӯғу воҳимаангезонаро дар байни онҳо пешгирӣ намоем. Зеро танҳо дарки дурусти масъала метавонад хатари пайдоиш ва паҳн шудани бемориро дар мамлакат пешгирӣ намояд.
Дар семинар-машварат намояндагони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр вобаста ба нишонаҳои беморӣ, омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он маълумотҳои саҳеҳ доданд.