БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

COVID-19 ХАТАРИ АФЗОЯНДА ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Худ ва дигаронро аз вируси (COVID-19)  ҳифз менамоем"-ро  баргузор намуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинии ҳизбӣ огоҳ сохтани сокинон аз бемории сироятии Коронавирус мебошад. Чун ҳамарӯза дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо ҷалби  гурӯҳи таблиғотии  назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  корҳои  фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, бо дастрасии сокинон аз варақаҳои иттилоотӣ бо  усули “хона ба хона” шаҳрвандон  аз  сироятёбии бемории коронавирус ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ огоҳ  карда мешаванд. Инчунин, дар ин раванд дар бораи  истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъати кишту кори баҳорӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ  тавсияҳои судманд дода мешавад, ки сокинон аз  иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ ба худ маълумоти зарурӣ пайдо менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg