БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲОСИЛИ ФАРОВОН АЗ ЗАҲМАТУ МЕҲНАТ АСТ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бештар маълумот пайдо кардани  сокинон аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаи Деҳлолои Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод  чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуд.

Дар  чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Мирзобаротзода Салоҳиддин иштирок дошта, дар бораи бемории коронавирус ва истифодаи оқилонаи  замин бо мақсади таъмини сиҳатии омма ва ғанӣ гардонидани  дастурхони сокинон  суҳбат карда, таъкид дошт, ки  ҳатман дар оила ва  берун аз он ба қоидаҳои беҳдошти  мувофиқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб диққати ҷиддӣ диҳанд ва ҳар ваҷаб заминҳои  корамро зироатҳои кишоварзӣ кишт карда, зиндагонии хешро бо маҳсулоти  хӯрока  таъмин созанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg