БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри ҳифзи солимии ҷомеа ва пешгирии бемории хатарноки короновирус ҳамарӯза бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯриҳои судманд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” баргузор гардида истодааст. Мақсад аз баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ аз он иборат аст, ки сатҳи огоҳии мардум аз ин бемории сироятӣ зиёд гардида, худ ва дигаронро аз сироятёбӣ муҳофизат намоянд. Зимни суҳбату вохӯриҳо миёни сокинон қайд карда мешавад, ки онҳо ба таҳлука наафтида, танҳо ба хабару гузоришҳои расонаҳои хабарии расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар намоянд, чунки роҳандозии корҳои безараргардонӣ танҳо ба хотири он аст, ки солимии ҷомеаро нигоҳ дорем.
Ҳамчунин, дар ноҳия ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) оид ба пешгирӣ аз бемории «COVID-19» дар ҳамаи ташкилоту муассиса ва хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологии ноҳия гузаронида мешавад.