БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪТИЛИ МУВАҚҚАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИЮ ТОМАКТАБӢ ТАДБИРЕСТ БАҲРИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

АНДЕША. Оғози соли 2020 барои инсоният ба таври ғайричашмдошт тағйиротеро пеш овард, ки ҳатто давлатҳои абарқудрати ҷаҳонро ба таҳлука андохт. Бемории  сироятӣ бо номи тоҷвирус (коронавирус) бо суръати баланд дар қисми зиёди давлатҳои ҷаҳон паҳн шуда, боиси фавти ҳазорон нафар одамон гардидааст.

Давлатҳое, ки дар ҳоли аз сар гузаронидани ин беморианд, муваққатан манъ кардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, маконҳои ибодату намозгузорӣ, чорабиниҳои ҷамъиятию оммавӣ ва дуруст ба роҳ мондани қоидаҳои санитарию гигиениро аз роҳи дурусти пешгирӣ ва паҳншавии ин бемории воқеан марговар мешуморанд.

Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо, ҳарчанд нишонаҳои ин беморӣ ҳанӯз дар мо мушоҳида нашудааст, муввақатан манъ кардани фаъолияти масҷидҳо ва муассисаҳои таълимию  томактабиро барои пешгирӣ аз ин беморӣ зарур шуморид. Дар ин муддат дар муассисаҳои болозикр чораҳои безараргардонӣ  бо маҳлулҳои кимиёвӣ ба роҳ монда шудааст.

Ин тадбир танҳо бо мақсади пешгирии беморӣ амалӣ карда мешавад ва набояд касеро ба таҳлука биёрад. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ба хотири пешгирї аз ин ва дигар бемориҳои мавсимии сироятї корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки зимни он дар бораи нишонаҳои беморӣ, омилҳои сироятёбӣ, сироятёбии одамон ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо пурра фаҳмонда шуда, аҳолӣ барои дуруст риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва худдорӣ намудан аз рафтан ба ҷойҳои серодам огоҳ карда мешаванд.  Дар ин росто Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант низ дар маркази шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти он корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, бо тақсим кардани маводҳои иттилоотӣ дар ин раванд саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Дар урфият мегӯянд, ки табиби ҳар кас худи ӯст! Имрӯзҳо воқеан замони он расидааст, ки ҳар нафари мо нишондоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар амал татбиқ намоем. Зеро ин роҳи ягона ва беҳтарини пешгирии беморӣ ва эмин нигоҳ доштани худу атрофиёнамон мебошад.

Ватанзода Саидҷаъфар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg