БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАСОРАТАШ РУСТАМОНА АСТ

АНДЕША. Дар замони пешрафти технология, дигаргуниҳои замон, озодии баён, ошкорбаёнӣ, ҷаҳони тараққиёти  интернет, ҳамарӯза баромад намудани  мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон бо бадбинию бадгуфторӣ ва дигар омилҳои таъсиррасонӣ  кори  роҳбарӣ саҳлу осон нест. Танҳо роҳбари дурандеш ва ободкору созанда метавонад худро  бо амалҳои созанда  муаррифӣ намояд.

Воқеан, Рустами Эмомалӣ бо ҷасорати рустамонааш тавонист дар назди мардум худро ҳамчун шахсият, инсони комил нишон диҳад. Ӯ   ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар ободонӣ, созандагӣ, шаҳрсозӣ бо диди нав дастгирии шахсони ниёзманди љомеа, ҷалби кадрҳои баландихтисос дар дастгоҳи Хукумати шаҳри Душанбе, тозагӣ, гул-гулшукуфоӣ, пешрафти варзиш сайёҳӣ ва ҳамешабаҳор будани пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе саҳми босазои худро гузорад. Ӯ  ватандӯст аст ва аз ободонию хизматҳои арзанда ба ин сарзамин  эҳтироми хоса дорад. Рустами Эмомалӣ  барои хизмат ба Ватан, ба халқ, барои пешрафти давлат, барои зиндагии арзандаи мардум шабонарӯзӣ заҳмат мекашад.Чунки ӯро падари бузургвораш дар роҳи  хизмат ба халқ  миёни одамони оддӣ хоксору дилсӯз ва ҳалиму меҳрубон будан тарбия кардааст.

Ба мансаби Раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тољикистон интихоб шудани муҳтарам Рустами Эмомалӣ боиси ифтихор ва қаноатмандист.Чунки ӯ метавонад бо донишҳои сиёсӣ ва таҷрибаи бойи андўхтааш дар мақоми олии қонунбарор барои боз ҳам баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, дастгирии ҷавонони  лаёқатманд, мутахассисони соҳаҳои гуногуни хољагии халқ, аҳли зиё бо қабул намудани қонунҳои нав дигаргуниҳои куллиро  ба вуҷуд орад. Рустами Эмомалӣ шоистаи таҳсину дастгириҳост.

Меҳрубон Сатторова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg