БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ КАСАЛИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС МУТТАҲИДИИ ҲАР ЯКИ МОРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

АНДЕША.  Сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот намуд, ки роҳи пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон роҳи басо дурусту мақсаднок буда, ҳифзи саломатии мардуми он яке аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Самараи ҳамин аст, ки хушбахтона, сокинони кишвари азизамон ба ин беморӣ гирифтор нашудаанд. Ман як сокини ноҳияи дурдасти сарҳадӣ ҳар лаҳза эҳсос мекунам, ки роҳбарияти кишвар бобати пайдо ва паҳншавии ин бемории марговар чораҳои басо судманди амалиро роҳандозӣ карда истодаанд. Муваққатан бастани муассисаҳои таълимӣ, масҷидҳо ва манъ намудани ҷамъомадҳои серодам, ин воситаи асосии пешгирии ин беморӣ ба ҳисоб меравад. Месазад, ки ҳар як шаҳрванди кишварамон пешгириро аз карантин фарқ карда, дар амалӣ шудани дастуру супоришҳои Ситоди умумиҷумҳуриявӣ сањм гузорад.

Ман ҳамчун шаҳрванди кишвари азизам сокинони кишварро даъват менамоям, ки изҳороти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Љумњурии Тоҷикистонро амали саривақтию судманд ҳисобида, баҳри иҷрои бечунучарои он азму талош намоянд.

                                                                                              Ғафуров Сайдамир, сокини ноҳияи Панҷ

                                                                                                 

    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg