БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАТАРЕ, КИ ИМРӮЗҲО ҶОМЕАИ ҶАҲОНИРО ТАҲДИД МЕНАМОЯД, ТАНҲО БА КИШВАРИ МО МАРБУТ НЕСТ

АНДЕША. Рӯзҳои  охир  ҳолатҳои  гирифторшавӣ  ва  фавт ба  бемории илтиҳоби  шуш (пневмония) миёни  мардум, бахусус дар  шабакаҳои  иҷтимоӣ хабару  овозаҳо дар  робита  ба  он, ки ин  нафарон  гирифтори   сирояти  Коронавирус  мебошанд,  паҳн  гардид. Масъулини  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ин  овозаҳоро  беасос  номида, таъкид  намуданд, ки  гирифторшавии  сокинони  мамлакат ба ин беморӣ ҳолати  муқаррарӣ   ва  мавсимӣ  мебошад.  Аз  ин  рӯ,   аз  шаҳрвандон  даъват  ба  амал  оварданд, ки  ба  ҳар  гуна овозаю  хабарҳои бардурӯғ  бовар  накунанд  ва    ба  таҳлука   наафтанд. 

Қайд  намудан  бамаврид  аст, ки  тадбирҳои  андешидаи    давлати  Тоҷикистон  дар  шароити  мушкилоти  марбут  ба паҳншавии  глобалии Коронавирус, аз  ҷумла ташкили  дидбонгоҳҳои  назоратии   санитарию беҳдошти  фардӣ дар  сарҳадот, баланд  бардоштани  огоҳсозии  ҷомеа, риояи  талаботи  санитарию беҳдоштӣ  дар  гузаргоҳҳои  сарҳадӣ,  ба  давраҳои  карантинӣ  фаро  гирифтани  шахсони  аз  минтақаҳои паҳнгаштаи  бемории  мазкур баргашта  ҳамарӯза  мақсаднок ба  роҳ  монда шуда  истодааст, ки  хеле  бомаврид   ва  саривақтӣ  мебошад.

Хушбахтона,  то  имрӯз  дар  кишвар нишонаҳои  сироятёбии одамон ба ин беморӣ тибқи  изҳороти ниҳодҳои  байналмилалӣ ба  қайд  гирифта  нашудааст.

Шабакаҳои  иҷтимоӣ саропо иттилооти росту  дурӯғ буда,  бо    воҳимаангезиҳои  барзиёд сари  мардумро  гиҷ месозанд.  Мо масъулинро зарур  аст, ки  корҳои  фаҳмондадиҳиро ба  роҳ  монда,  ба  мардум  вобаста  ба  ин  вирус  бо   далелҳои  асосноки  аз  махзани  иттилоотии  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гирифтаро   расонем.        

Дар  андешаи  он  бошем, ки  безарурият  ба  кӯча  набароем, пӯшидани  ниқобҳои  тиббиро риоя  созем,  дар  оилаамон ба қоидаҳои  беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат кунем,  тавсияҳои  табибонро  саривақт ва  самаранок  иҷро  намоем. Беҳуда нагуфтаанд, ки   эҳтиёт  ними  ҳаёт  аст. 

Дар  шабакаҳои  телевизионӣ ва воситаҳои  ахбори  омма  имрӯзҳо, ки  манбаи  асосии   хабари  мардуми  деҳот  аст,  ҳамарӯза  иттилоот оид ба  пешгирии сироятёбӣ ба  бемории  Коронавирус паҳн  гардида  истодаанд. Аз  ин  рӯ,  ҳар  як  шаҳрванди  поквиҷдон вазифадор  аст, ки  дар  мубориза барои  пешгирии  ин  вабо масъул  бошад.

Имрӯз, ки мо сокинони ҷумҳурӣ дар  шароити  хеле  ҳассоси   ҷомеаи  шаҳрвнадӣ қарор дорем, бояд дар атрофи  Пешвои  муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  беш  аз  ҳар  вақти  дигар  сарҷамъу муттаҳид  шавем. Ҳидоятҳои  Сарвари  мамлакат оид ба  вусъати   раванди  созандагиву  бунёдкорӣ,  киштукори  баҳорӣ ва  дигар  корҳои  кишоварзиро  вусъати  тоза  бахшем,  ҳар  яки  мо  дар  ҷои  кори  худ   содиқонаву софдилона  ва  поквиҷдонона заҳмат  кашем ва ба  Ватану  давлат содиқ бошем. 

                    Ализода Сураё Ҷӯра, раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи Носири  Хусрав  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg