ПАНҶ. Субҳи имрӯз раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо мақсади дар маҳал татбиқ кардани дастуру супоришҳои муфиди Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо кормандони кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва раисони ҷамоатҳо вохӯрӣ доир кард.
Мавзӯи меҳварии мулоқот аз ҳисоби ҷавонони болаёқат пурра кардани воҳидҳои кории кумитаи иҷроияи ноҳия ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони бинои он, қабули хоҳишмандон ба сафи ҳизб ва пардохти саривақтии ҳаққи узвият, риояи гигиенаи шахсӣ, дар мисоли татбиқи ду аксияи ҷадиди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон: пешниҳоди лоиҳаи ангоравии омода кардани заҳкаш бо усули дренажӣ барои ҳаммому ҳоҷатхонаҳо дар шароити деҳот ва Маркази қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар ҳар як маҳалла, рушди инфрасохтори деҳот тавассути аксияҳои ҳизбӣ, истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, наздиҳавлигӣ ва ҳудудии мансуб ба дилхоҳ ташкилоту идора буд.
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти
КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон