БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД

ҚУБОДИЁН. Дар нимаи дуввуми рӯз раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода бо раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак, роҳбарият ва аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мулоқоти судманд доир кард.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳавасмандии пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён оид ба амалисозии барномаи ҳизбӣ ва аксияҳои гуногунҷанба, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят зикр кард, ки дар давраи барои ҷаҳони муосир ҳассос ҳар як халқият ва давлат ба ашхоси ботаҳаммул, заковатманд ва аз ҷиҳати сиёсӣ зирак ниёз дорад. “Фаъолони ҷомеа бояд бо кору рафтори дуруст барои дигарон намунаи ибрат бошанд. Мардумро ба риояи гигиенаи шахсӣ, дар ҳамдастӣ пушти сар кардани мушкилиҳои замон, мақсаднок истифода бурдани ҳар як порча замин, бахусус наздиҳавлигӣ ва ҳудуди корхонаҳо, расидан ба қадри сулҳу субот дар кишвар, дар моҳи мубораки Рамазон даст задан ба эҳсонкориҳои бештар ва омода кардани дастовезҳои шоёни меҳнатӣ ба шарафи 30-юмин солҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда тавонанд. Дар ин росто, ҳар як узви ҳизби мо бояд дар такя ба ҳидоятҳои Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш масъулиятшинос бошад”, – афзуд Қ. Миралиён ва зимнан, лоиҳаҳои намунавии аксияҳои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро ба ҳозирон рӯнамоӣ кард. Гуфта шуд, ки ин аксиҳо мувофиқ ба масоили мубрами рӯз таҳия гашта, марҳила ба марҳила роҳандозӣ шуда истодаанд.
Раиси ноҳияи Қубодиён Б. Садриддинзода бо ҷонибдорӣ аз мавқеи созандаи аъзои ҲХДТ, тазаккур дод, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар бобати матраҳи ҳар як ташаббуси муфид минбаъд низ ба таври фаъол мусоидат хоҳад кард.

                                                                                                            Шуъбаи иттилоот ва матбуоти
                                                                                                            КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg