БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶОМЕА АСТ

Иҷрои уҳдадориҳои ҳизбӣ, вазъи обуна ва дастрасии ҳафтаномаи «Ҳамрози халқ», тақвият бахшидан ба фаъолияти волонтёрӣ, ташкили гурӯҳи таҳилӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷаласаи дастурдиҳии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҳузури раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии муассисаҳои миёна ва олии касбии маркази вилоят баррасӣ гаштанд.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, қайд дошт, ки яке аз мақсадҳои асосии ҷаласа ҳалли саривақтии уҳдариҳои ҳизбӣ мебошад ва ин асосан аз масъулияти шумо – раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста аст. «Аз ҷумла, ҳаракати ҳизбӣ бояд риоя шавад. Барои мисол, аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи  Носири Хусрав 3 ҳазору 23 донишҷӯ, ки узви ҳизб буданд, донишгоҳро хатм карда, ба шаҳру ноҳияҳо рафтанд. Дар ин ҳолат раванди ҳуҷҷатгузорӣ низ бояд ба тариқи гузариш сурат гирад. Дар ин баробар нисбат ба сифати узвият ба ҳизб бояд диққати ҷиддӣ дод”, – афзуд ӯ .

Дар идома атрофи обуна ва дастрасии ҳафтаномаи «Ҳамрози халқ» сухан рафт.  Раиси кумита зикр дошт, ки дар нашрҳои охири ҳафтанома вобаста ба дохилшавии довбалабон тариқи низоми Маркази миллии тестӣ таҳти унвони дастурдиҳӣ чанд мавод интишор гардид. “Итминон дорем, ки барои довталабон ва волидайни онҳо кумаки методии хуб расонида шуд. Дар оянда низ нақша дорем, ки тавассути ин нашрия доир ба проблемаҳои  ҷавонон маводҳои таҳлилии бештар нашр мекунем”, – гуфт раис.

Ҳамчунин, иброз дошт, ки  маводҳои ҳафтанома на танҳо хусусияти хабаррасонӣ, балки хусусияти таҳлилӣ ва роҳкушоӣ ҳам доранд. “Мақсад дорем, ки мавзӯъҳои мубрами рӯзро баррасӣ кунем. Баъзе мавзӯъҳои ҳафтанома ба таври доимӣ пайгирӣ мешаванд, то мардум роҳи ҳалли мушкилоти худро аз ҳафтанома пайдо кунанд.  «Ҳамрози халқ» дар вилоят  вобаста ба татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизбӣ ҳамчун оинаи ҳизб аст ва он бояд ба дасти ҳар узви ҳизб расад”, – зикр кард Қ. Миралиён.

Дар атрофи фаъолияти волонтёрӣ гуфта шуд, ки ташкилоти ҷалбкунанда бояд бо волонтёр шартнома дошта  бошад. Зеро нақши онҳо дар пешрафти кори ҳизбиён, ҳалли мушкилоти ҷоме хеле муҳим аст. Сабаби проблемаҳо аввалан, норасоии қувваи корӣ, баъдан, бемасъулиятӣ ва сониян, мушкилоти иқтисодӣ аст. Бобати ноил шудан ба ҳадафҳои нек волонтёрон қувваи кории иловагии ҳизб ҳастанд. Нисбат ба ин самти фаъолият бояд ҷиддӣ кор бурда, ҷавонони  фаъолро дар гурӯҳҳои волонтёрӣ муттаҳид кард.

Бо дахл ба масъалаи ташкили гурӯҳи таҳлилӣ дар назди кумитаи иҷроия, Миралиён Қиёмиддин қайд дошт, ки вазифаи он аз мавод омода кардан оид ба масъалаҳои доғи рӯз иборат хоҳад буд.

Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ вобаста ба масъалаҳои зикршуда ва ҳамзамон, тақвияти ҳамкориҳои мутақобила фикру мулоҳизаҳои муфид баён карданд.

                                                                                                              Шуъбаи иттилоот ва матбуоти

                                                                                                              КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg