БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОМИ НЕКИ ҲХДТ БОБАТИ ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲО

Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аз аъзои ҳизб тақозо кард, ки бобати истифодаи пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои ҳудуди коргоҳҳо намунаи ибрати шахсӣ нишон дода, ҳамзамон дигар шаҳрвандонро ҳам бо роҳандозии аксияҳои ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” ба иҷрои ин амри хайр ташвиқ кунанд.

“Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ахиран зимни суҳбати телефонӣ ба раиси вилояти Хатлон ва чанд тан раисони шаҳру ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд. Илова бар ин, бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат ҳама алоқамандони арсаи кишоварзии мамлакатро муваззаф карданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, мушаххасан, майдони кишти картошкаро 40 дарсад ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладона, лӯбиё ва ҷуворимаккаи дон то 60 фисад зиёд намоянд”, – гуфт ӯ ва илова кард, ки кормандони кумитаҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб дар муддати 22 рӯз тавассути шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  (www.hkhdtkhatlon.tj) оид ба истифодаи пурсамари замин 123 мавод интишор карданд. Дар доираи ҳамин табирҳо бо усули “хона ба хона” бо фарогирии 92 ҳазору 142 сокин 41 ҳазору 626 суҳбат гузаронида шуд. 4 ҳазору 209 варақаи иттилоотӣ вобаста ба истифодаи мақсадноки заминҳои кишоварзӣ ва 60 ҳазору 623 варақа вобаста ба роҳҳои пешгирӣ аз бемории COVID-19 дастраси мардум гардид. Иброз гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳо қитъаҳои бекорхобидаи замини наздиҳавлигӣ, ҳудудии мансуб ба ташкилоту корхонаҳо ва ба истилоҳ президентӣ ҳанӯз мавҷуданд.

    “Дар чунин давраи ҳассоси ҷаҳони муосир истифодаи пурраи ҳамаи заминҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил на танҳо амнияти озуқавории кишвари моро таъмин мекунад, балки барои захирасозӣ, пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ ва хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум низ мусоидат менамояд”, – мақсади аслии дастури Сардори давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дод Қ. Миралиён ва фаъолони ҳизбро муваззаф кард, ки баргузории чорабинию аксияҳои марбут ба истифодаи дурусти замин ва пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19-ро вусъат бахшида, бо меҳнати софдилона садди роҳи паҳнкунандагони овозаҳои беасосе, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба манфиати миллат нахоҳанд буд, бишаванд.   

                                                                                                                 Шуъбаи иттилоот ва матбуоти

                                                                                                                 КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg