БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо кормандони ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон», ки дар саҳни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди  ноҳия  машғули обчакорӣ буданд,  вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат кормандони масъули ҳизби ноҳия оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва  риояи гигиенаи шахсӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавирус ба љамъомадагон маслиҳатҳои муфид дода, таъкид карданд, ки  ҳифзи солимии ҷомеа ва самаранок истифода бурдани  заминҳои корам вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад ва  моро месазад аз ҳарвақта дида, барои ба даст овардани маҳсулоти  тару тозаи кишоварзӣ бештар заҳмат кашем, то ин ки дар оянда дастурхони худ ва дигаронро бо меваҳои хуштаъму лазиз сабзавоти  аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg