БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ОИЛААТРО АЗ КОРОНАВИРУС МУҲОФИЗАТ НАМО!

Н.ХУСРАВ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии  хатари  бемории  коронавирус гурӯҳи  кории назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид ба омилҳои  пешгирикунандаи  бемории сироятӣ   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   бо  усули  «хона  ба  хона» ҳамзамон,   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ,    бо аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани заминҳои  дар  ихтиёрашон буда  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир корҳои  фаҳмондадиҳиро  ба  роҳ  монда  истодаанд.

Аъзои  гӯрӯҳи  корӣ дар  деҳаи  Сангоба 1-и   Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  чорабиниро баргузор намуда,   ба  сокинон  роҳҳои  пешгирии бемории  коронавирусро   бо  усули  «хона  ба  хона»   фаҳмониданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд,  то ин ки худ  ва  оилаашонро  аз   ин  беморӣ ҳифз  намоянд.  Сипас, ба онҳо барои  пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсиявиро дастрас карданд. Ҳамзамон, дар ин раванд оид  ба  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста  ба  вазъи  ноустувори  ҷаҳони  муосир  дар  шароити  шиддат ёфтану  афзоиши  таҳдиду  хатарҳои глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси даҳшатноки «СОVIД-19» корҳои  мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg