ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин дар деҳаи Файзобод бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев сокинонро ба риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти саломатӣ таъкид карда, варақаҳои тавсиявӣ оид ба риояи ҳатмии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирусро ба онҳо дастрас кард. Зимни баромади худ мавсуф қайд кард, ки айни замон масъалаи пешгирии коронавирус таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон қарор дошта, хушбахтона, то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешавад. Ҳамчунин дар бораи самараноку оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо сокинони деҳаи Файзобод суҳбат гузаронида шуд.