ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи “60- солагии Панҷ” ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, алалхусус, кишти картошка ва донагиҳо, ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву ободкорӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ва ба таҳлука наафтидани сокинон ба овозаву сару садоҳои бардлурӯғ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Масъулин зимни дастрасии сокинон ба варақаҳои таблиғотӣ масъалаҳои болозикрро таъкид намуда, шаҳрвандонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки мақсаду маромаш таъмини зиндагии шоиста ба мардум мебошад, раҳнамоӣ карданд.
Архивӣ Моҳона
- Апрел 2021 (564)
- Март 2021 (524)
- Феврал 2021 (439)
- Январ 2021 (345)
- Декабр 2020 (379)
- ноябр 2020 (302)
- Октябр 2020 (495)
- Сентябр 2020 (734)
- Август 2020 (588)
- Июл 2020 (594)