ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳр бо усули “хона ба хона” чорабинии ҳизбӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар низ иштирок дошта, вобаста ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истифодаи дурусти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон (Президентӣ) ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини ҳар як оила бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва тозагии шахсӣ андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба манфиати ҳар як шаҳрванд буда, барои татбиқи босамари он мо бояд пайваста талош варзем.
Воқеан, Ҷамоати деҳоти Гулистон аз минтақаҳои серзамини шаҳри Левакант ба ҳисоб рафта, кишоварзони он ҳар сол дар истеҳсоли картошкаю сабзавот, ғалладонагиҳо ба дастовардҳои хуб соҳиб мешаванд.