ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ бо усули «хона ба хона» миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир карда истодаанд.
Намояндагони ҳизбӣ дар вохӯрӣ ҷиҳати чи гуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ тавсияҳо дода, таъкид карданд, ки моро мебояд, ба таҳлука наафтида, тарзи ҳаёти солимро пеш гирем, ба табибони худ бовар кунем ва ба зиндагӣ хушбин бошему ҳамеша тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошем.
Инчунин, дар бораи кишту кори баҳорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани маҳсулоти ғизоӣ ва саҳми сокинон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ андешаронӣ карда шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуданд.