КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ноҳияи Кӯшониён ташкили корҳои ободонӣ вӯсъати тоза касб намуда, сокинони ватандӯсти ноҳия ва кормандони ташкилоту корхонаҳо барои тоза намудани маҳалли зист, майдону хиёбонҳо барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Аксияи таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониро баргузор намуда истодаанд.
Вобаста ба ин иқдом дирӯз бо истифода аз обу ҳавои мусоиди баҳорӣ субҳи барвақт кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар назди бинои маъмурии Кумитаи иљроия як қатор корҳои сабзу хуррамгардониро ба роҳ монда, бехи дарахту ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва мевадиҳандаро аз алафҳои бегона тоза карданд.