КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади ҷалби сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи коидаҳои санитарию гигиенӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар ташкилоти ибтидоии «Нурафшон» мулоқот баргузор намуданд.
Зимни суханронӣ масъулин иброз доштанд, ки имрӯз мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ барои дар сатҳи зурурӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор ҳастем, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми босазои худро гузорем.
Сипас, дар идомаи суҳбат дар бораи пешгирии бемории сироятии коронавирус бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва вусъат бахшидани кишту корӣ баҳорӣ ба хотири таъмини амнияти оузуқаворӣ сухан гуфта шуда, аз ҳар як иштирокчӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварда шуд.