КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар мамлакат таҳти назоратии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, хушбахтона, дар Тоҷикистон то ба имрӯз сироятёбӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Вобаста ба ин бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХД дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии “Маркази солимии репродуктивии №2” мулоқот анҷом дода шуд.
Нахуст, Саидов Умар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, зимни баромади хеш қайд намуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд. Мавсуф дар идома таъкид дошт, ки бо ниқоб рӯпӯш намудани рухсора, саривақт шустани дастон бо собун, бе зарурат нарафтан ба ҷойҳои серодам аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист.