БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз  бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон  баргузор намуда истодаанд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдураҳимова Фирӯза бо аҳолии деҳаи Роҳи нави Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин суҳбат ороста, дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19)  ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти муфассал  дод. Дар рафти субат мавсуф таъкид кард, ки ба риояи  гигиенаи шахсӣ диққати асосӣ дода шуда, қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгордориро риоя намоянд.

Дар охир  даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода бурда, ҳосили  фаровон ба даст оваранд, оилаи худ ва дигаронро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg