ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Гузари болои Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён бо усули “хона ба хона” ҷиҳати бештар маълумот пайдо намудани сокинон аз бемории сироятии коронавирус варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, аз тарафи намояндагони ҳизби ноҳия як қатор тавсияҳои судманд низ дода шуд.
Ҳамзамон, дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.