ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Соли 2021 барои миллати тамадунофару бофарҳанги тоҷик соли басо муқаддасу саодат аст, зеро ки мо 30- солагии Истиқлолияти давлатии хешро дар фазои сулҳу ваҳдат ҷашн хоҳем гирифт.
Бо ин мақсад дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонию созандагиро таҳти шиори “Сароғози ватандорӣ, маҳалдорист” амалӣ карда мешавад.
Чунин як иқдоми созанда дар ташкилоти ибтидоии “Чойхона”-и Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх роҳандозӣ карда шуд, ки мардум ба ҳашари дастаҷамъона баромада, роҳи миёни деҳаро тозаву сангфарш намуданд.
Инчунин, оид ба пешгирии бемории коронавирус таъкид гардид, ки гигиенаи шахсӣ ва аҳли оиларо риоя намоед.