
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо ҷалби фаъолтарин аъзои маҳфили "Ихтиёриён"-и назди Кумитаи иљроияи ноҳиявӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагии русзабонони ноҳия Алексей Черков ва дархосту хоҳиши бародорони рус аз кишвари ба мо дӯсту бародар Федератсияи Россия дар оромгоҳи деҳаи Қамбарӣ (оромгоҳи минтақаи русҳо) шанбегии умумӣ баргузор намуданд. Дар шанбегии мазкур роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи технологӣ-фарматсевтӣ иштироки фаъолона доштанд.
Иқдоми мазкур ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар арафаи ҷашни Ғалаба баргузор карда мешавад, ки аз ин ташабуси ҳизбиён русзабонони ноҳия миннатдоранд.