ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Корез бо усули “хона ба хона” дар деҳаҳои Корез ва Каёнуш чорабинии ҳизбӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъулин вобаста ба раванди андешидани тадбирҳои ободонию созандагӣ, бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон оид ба роҳу пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус коронавирус, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, барои таъмини оила бо ниёзи аввалия андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳифзи солимии ҷомеа аз худи мо вобасатагии калон дошта, моро лозим аст дар асоси тавсияҳои табибон ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоем, то ин ки аз давраи ҳассоси зиндагӣ сарбаландона бароем. Инчунин, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оқилона истифода бурдани замин ба манфиати мо мебошад ва мо набояд дар ин масъалаи муҳим ба бемасъулиятӣ роҳ диҳем.