ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикобод”-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии сокинони обрӯманди деҳаи мазкур барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз канали обрав бо тариқи муҳаррики обкашонӣ хатти об гузаронида шуд. Сокинон тасмим гирифтанд, ки дар оянда чунин корҳои хайру сахоро ба хотири таъмини зиндагии шоиста ба роҳ монанд. Инчунин, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар чорабинии ҳизбӣ низ иштирок дошта, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла самарабахш истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, риояи қоидаҳои муҳофизат аз сироятёбии бемории коронавирусро шарҳу тавзеҳ дода, қайд карданд, ки гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро ҳатман риоя намоянд.