БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи ҷавонон, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Бохтар бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи мақсадноки заминҳои корам бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан дар маҳаллаи Зарбдор бо усули “хона ба хона” бо сокинон суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд. Мавсуф дар суҳбат таъкид намуд, ки то имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва он ҳама тадбирҳое, ки дар кишвар андешида шуда истодаанд, ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии сироятшавӣ аз он мебошад. Моро лозим аст, ки тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро риоя карда, саломатии худ ва наздиконамонро ҳифз намоем.

Инчунин, дар бораи мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳалигӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз он, ки яке аз вазифаҳои асосие мебошад, ки давлату ҳукумати кишвар дар назди сокинони мамлакат бо мақсади таъмини аминяти озуқаворӣ гузоштааст, мо бояд ҳар ваљаб  қитъаҳои заминро бо заҳмату меҳнати софдилона  маҳсулоти кишоварзӣ кишт намоем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg