БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС ВА САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии  бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин  ҳамарӯза миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳои судманд доир гашта истодааст.

Дар Ҷамоати деҳоти Балҷувон миёни сокинон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия суҳбату вохӯрӣ доир гардд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳар яки мову шумо маълум аст, ки дар тамоми  ҷаҳон  мардум ба бемории даҳшатборӣ короновирус гирифтор шуда, аксари онҳо фавтида  истодаанд. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки аз тавсияҳои табибон дуруст истифода намуда, саломатии худ ва оилаатонро эҳтиёт намоед ва ба ҳаргуна дурӯғу фитна  дода нашуда, якдилона меҳнат намоем.

Баҳри самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин  ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки дар ин шабу рӯзи мусоид  кишту корӣ зироатҳоро ба роҳ монда, барои таъмини зиндагии худ ва аз замин ҳосили дилхоҳ ба даст овардан аз таҷрибаи баланди деҳқонони асил  ва  аз тарзу усулҳои муосири кишту кор ба таври васеъ истифода намоед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg