БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МАРДУМ-СОЛИМИИ ҶОМЕА

АНДЕША. Тоҷикистон имрӯз оид ба пешгирии бемории сироятии «Коронавирус» дар қатори давлатҳое ворид гардидааст, ки хушбахтона айни замон аз он эмин аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи саломатии мардум ғамҳориҳои ҳамаҷониба намуда, бобати амалӣ шудани ҳадафҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар маҳал  ба масъала мунтазам дастуру супоришҳои судманд медиҳад. Гарчанде имрӯз аксарияти давлатҳои оламро касалии сироятии дар боло зикршуда фаро гирифта бошад ҳам, хушбахтона бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии кишвар мо аз ин касалии сироятӣ эмин мебошем.

Ягона роҳи пайдо ва паҳн нашудани дилхоҳ беморӣ, ин пешгирии саривақтии он ба шумор меравад. Воситаи асосии паҳншавии бемории коронавирус, ин робитаи байни одамон ба ҳисоб меравад.

Имрӯз, ки дар кишвари азизамон ягон ҳолати пайдоиши ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, ҳоҷат ба эълон намудани карантин дар њама љо нест. Бо муваққатан бастани муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона ва масҷидҳо, ин амали бисёр саривақтии роҳбарияти кишвар бобати пешгирии ин беморӣ ба ҳисоб меравад. Новобаста аз вазъи ногувори имрӯзаи олам мардуми кишварамон ба меҳнати ҳаррӯза дода шудаанд. Дар ин росто моро лозим аст, ки бобати таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ намоем. Инчунин, бобати пайдо ва паҳн нашудани ин вабои аср талаботҳои санитарию гигиениро катъиян риоя намоем.

Имони комил дорам, ки ин амали роҳбарияти кишвар ва ситоди умумиҷумҳуриявӣ басо қадами устувори зарурӣ ва саривақтӣ буда, дар пешгирии ин беморӣ мусоидати ҳамаҷониба мекунад.

Каримљон Файзизода, сокини ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg