БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ТАРҒИБОТӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии "Маркази саломатӣ" корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотӣ бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии ин вирус ва ҳамчунин истифода бурдани оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон дар байни сокинони деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Панҷ ба роҳ монда шуд.

Масулин дар рафти чорабинии мазкур қайд намуданд, сайёраи заминро вабои даҳшатнок фаро гирифтааст, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро рабуда, нафарони бешуморро гирифтор кардааст. Он вируси (COVID-19)  ё коронавирус аст, ки охирҳои моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Халқии Хитой пайдо шуда, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ қариб дар ҳама кишвари сайёра паҳн гардид. Олимону мутахассисони соҳа пайваста таъкид мекунанд, ки барои эъмин будан аз беморӣ гигиенаи шахсиро риоя бояд кард.

Ҳамчунин, шустани дастон бо собун ва ё маҳлули антисептикӣ, истифодаи ниқоби тиббӣ, ба ҷойҳои серодам нарафтан, дар ҳолати эҳсос кардани таб ва ё ягон нишонаи беморӣ ба табибон муроҷиат бояд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg