БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ЧӢ БОЯД КАРД?

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба таъмини иҷрои  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  оид ба пешгирии  хатари  бемории  коронавирус гурӯҳи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   дар  байни  мардум бо  усули  «хона  ба  хона» ҳамзамон,   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ,  инчунин  бо аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани заминҳои  дар  ихтиёрашондошта    вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир ба  роҳ  монда  истодаанд.

Гурӯҳи   корӣ дар деҳаи Олтинсойи   Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  чорабинии ҳизбиро  баргузор намуда,   ба  сокинон  роҳҳои  пешгирии бемории  коронавирусро   бо  усули  «хона  ба  хона»  фаҳмонида, таъкид  карданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд.   Худ    ва  дигаронро аз  ин  беморӣ ҳифз  кунанд  ва барои  пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсиявӣ дастраси ҳамагон  карда шуд.  

Ҳамзамон,  шахсони масъул оид  ба  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста  ба  вазъи  ноустувори  ҷаҳони  муосир  дар  шароити  шиддат ёфтану  афзоиши  таҳдиду  хатарҳои глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси даҳшатноки «СОVIД-19» корҳои  мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати  истифодаи  самараноки  ҳар  қиъаи замини   наздиҳавлигӣ, заминҳои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  Президентӣ, ташкили  кишти зироатҳои  кишоварзӣ,  ҷамъоварии ҳосили баланд  ва  захираи  онро  барои  ду  сол андешаронӣ карда,   таъкид намуданд, ки  ягон  ваҷаб  замини кишоварзӣ холӣ  намонда  самаранок  истифода  карда  шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg