БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ НЕКИ ВАТАН АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади ташвиқи  корҳои ободонию созндагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи коидаҳои санитарию гигиенӣ,   пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар ташкилоти ибтидоии «Бозори марказӣ» мулоқот баргузор намуданд.

Зимни суханронӣ намояндагони ҳизби ноҳия  оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан, коронавирус иброз доштанд, ки гигиенаи шахсиро риоя кунанд, масъуният (иммунитет)-и организми худро қавӣ нигоҳ доранд. Ҳамчунин тез - тез шустани дастон бо собун, риояи дигари  қоидаҳое, ки вазорати тандурустӣ тавсия кардааст, ҳатмӣ мебошад.

Инчунин, дар масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ низ аз ҷониби масъулин  як чанд тавсияҳо дода шуд.

Ҳамзамон, аз роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур даъват ба амал оварданд, ки оид ба сазовор ва дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ талош варзанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg