
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Рафти корҳои оммафаҳмонӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо усули “хона ба хона” ҷараён дорад. Чунин чорабинӣ дар деҳаи Файзи истиқлоли Ҷамоати деҳоти Бохтариён баргузор шуд.
Зимни тадбирҳои оммафаҳмонӣ масъулин таъкид карданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ омили асосии пешгирии сироятёбӣ мебошад. Ҳамзамон, варақаҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои дар болозикршуда ба сокинон дастрас карда шуданд.