БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ ТАРҒИБ МЕГАРДАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати амалӣ намудани  корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус,  тадбирҳои мушаххас андешида шуда, пайваста чорабиниҳо,  вохӯриву мулоқотҳои судмандро дар ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор намуда истодаанд.

Дар  баргузории чорабиниҳо аъзои  ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолона иштирок карда, аз роҳҳои муҳофизат аз коронавирус, нишонаҳои он ва омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатӣ   ва масъалаҳои рӯзмарра бархурдор мешаванд.

Мулоқоти  навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки “Бохтариён”-и ноҳия басо судманд доир гардида,  аз ин вохӯрӣ сокинон таасуроти хуб бардошта, азм гирифтанд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаашон  самтҳои афзалиятнокро татбиқ менамоянд.

Ҳамзамон, дар охир маводҳои таблиғотӣ ба иштирокдорони чорабинӣ дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg