БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН ДОИР ГАРДИД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  Саидзода Раҳмон маҷлиси  Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия  Сафарзода Раҳматулло,  аъзои  Раёсати Кумитаи иҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир гардид.

Зимнан дар маҷлиси  Раёсат   ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар семоҳаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда бо ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия  Саидзода Раҳмон шунида шуд. Сипас, тасдиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроия оид ба татбиқи амалиёти (аксияҳои)  ҳизбӣ вобаста ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  таҳти унвони «Якҷоя месозем!”   мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg