БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар доираи Аксияҳои ҳизби “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “Якҷоя месозем!” бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар ҳудуди ноҳия як қатор корҳои ободониву созандагиро ҳамарӯза ба роҳ монда истодаанд. Чунин чорабинии ҳизбӣ дар  ташкилоти ибтидоии “МТМУ №1” доир гардида, дар он аъзои ташкилоти ибтидоӣ бо истифода аз  обу ҳавои мусоид ва шукргузорӣ аз фазои ободу озоди Ватан роҳраву гулгаштҳоро тозаву озода карда, бехи дарахтону гулҳои ороишии рангорангро аз алафҳои бегона тоза ва нарму мулоим карданд.  

Пас аз анҷоми корҳои хуррамгардонӣ намояндагони ҳизбӣ   мулоқот доир карда, дар бораи бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифода бурдани заминҳои киштшаванда андешаронӣ карда, ҳамагонро   барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg