
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Авзалӣ”-и Ҷамоати шаҳраки Бохтариён чорабинии ҳизбӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот масъулин оид ба моҳияти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаврӣ ва ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.04.2020 ва ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тољикистон аз 17.04.2020 баргузор гардида буд, андешаронӣ карда, аз љамъомадагон љиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва бекорхобида ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ даъват ба амал оварданд.
Ҳамзамон, корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо усули “хона ба хона” доир карда шуда, ба сокинон доир ба риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ тавсияҳои судманд дода шуда, маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуданд.