БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ АСОСИИ ҲХДТ ТАЪМИНИ РӮЗГОРИ ШОИСТА АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории коронавирус дар деҳаи Гулистон  вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  баргузор гардид.

Зимни баромад мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Бодомов Назрулло дар бораи қоидаҳои пешгирӣ аз бемории коронавирус бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол ба қайд гирифта нашудааст, вале мо бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоем, аз ҷойҳои серодам худдорӣ кунем, ба тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем, чунки  саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф аз  суханрониҳои  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, афзуд, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ сар карда, то заминҳои Президентӣ ва хољагиҳои деҳқонӣ бояд аз тухмиҳои хушсифат истифода барем, бештар заҳмат кашем, то ки ҳосили фаровон ба даст орем ва дастурхони худ ва дигаронро аз меваљоту сабзавот таъмин созем.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg