БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БОЯД БО МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТИ ҒИЗОӢ ТАЪМИН БОШЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати роҳандозии корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, вусъатбахшии раванди кишту кори баҳорӣ дар маҳал, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳнашавии  бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаи Хушдилон,   деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар рафти чорабинӣ мушоҳида гардид, ки бисёре аз сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ ниҳолҳои  гуногуни меваҷот, маҳсулоти кишоварзиро шинонида, ҳамарӯза бо истифода аз  ҳавои мусоид дар заминҳои худ машғули коранд.

Дар ин маврид масъулин  дар суҳбат бо сокинон зарурати  риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ ва дар баробари ин  машғул шудан ба кишту кори баҳорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти  ғизоӣ ва саҳмашон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ таъкид намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg