БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАҲАЛ

ПАНҶ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи Панҷ Файзизода Каримљон дар якљоягӣ бо гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иљроия дар ташкилоти ибтидоии “Ғайрат” мулоқот  доир намуданд.

Каримљон Файзизода  зимни андешаронӣ дар бораи огоҳонидани сокинон аз бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории коронавирус, ки тамоми дунёро фаро гирифта, љаҳонро ба ташвиш овардааст,  самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ба хотири таъмини  амнияти озуқаворӣ, ҷалби сокинон  ба корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба  истиқболи сазовори љашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дастгирии шахсони эҳтиёҷманд барои  баланд бардоштани сатҳи  некӯаҳволии мардум ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби  љасорату мардонагӣ, аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ва гирифтани пеши роҳи ҳар гуна амалҳои номатлуби љомеа  ҳарф зада, аз  иштирокдорон љиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват  ба амал  овард.

Сипас, дигар баромадгунандагон низ дар ин раванд фикру андешаҳои хешро баён дошта, ба сокинон варақаҳои иттилотиро дастрас карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg