![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/9_6.jpg?itok=NyjElW8H)
НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» вохӯрӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси навъи (COVID-19) ва саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак гузаронида шуд.
Масъулин зимни суҳбат оид ба тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб дар бораи пешгирии бемории сироятӣ ёдоварӣ карда, қайд намуданд, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯ мебошад, аз ҳамин хотир ҳар яки моро мебояд сараввал гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Инчунин, вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ андешаронӣ карда шуда, ба иштирокдорон барои таъмини амнияти озуқаворӣ раҳнамоӣ карда шуданд.