БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОРО ЗАРУР АСТ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТИРО РИОЯ КУНЕМ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии деҳаи ба номи  “С. Муродов” чорабинии ҳизбӣ доир карда  шуд.

Зимнан масъулин  дар ҳудуди деҳа корҳои тарғиботиро бо усули  “хона ба хона” ба роҳ монда, сокинонро таъкид карданд, ки истифодаи оқилонаи замин ва ҳифзи солими худ ва ҷомеа  ба манфиати ҳар яки мо мебошад.  Барои  таъмини  рӯзгори хеш мо бояд  ҳар ваҷаб заминро   самаранок истифода барем, то ин ки дастурхони худ ва дигаронро  аз  сабзавоту меваҷотҳои  лазизу хуштаъми аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат таъмин созем. Сипас,  ба ҳамагон оид ба пешгирии бемории сироятии коронаврис ва нишонаҳои  пайдоиши он маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, баргузории чунин чорабиниҳои ҳизбӣ боварӣ дорем,  дар баланд гардидани маърифати шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg