БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани риояи ҳатмии чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

 Яке аз чунин  суҳбатҳои  фоидабахш дар ташкилоти ибтидоии  деҳаи “Халқаҷаҳр”  доир гардида,  намояндагони ҳизби ноҳия  дар суҳбат ҳозиринро  ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва  роияи ҳатмии қоидаҳои гигиенӣ даъват карда, зикр намуданд, ки ҳамаи моро зарур аст, тозагию озодагӣ ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунем. Зеро саломатии миллат ва ҷомеа аз саломатии ҳар яки мо вабастагии калон дорад.

Ҳамзамон, иброз карда шуд, ки бо мақсади ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пеш моро корҳои зиёде истодааст, ки ҳар яки мо вазифадорем, барои ободии деҳаву маҳаллаи худ кореро анҷом дода бошем.

Дар охир корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои дар боло зикршуда  бо усули “хона ба хона”   дар деҳаи мазкур ба роҳ монда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg