
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №1”-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки корамандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён маҷлис доир гардид
Намояндагони ҳизбӣ зимни баромад иброз намуданд, ки бо мақсади ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди хотирмон таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш моро корҳои зиёде истодааст, ки ҳар яки мо муввазаф ҳастем, барои ободии деҳаву маҳаллаи худ кореро анҷом дода бошем.
Ҳамзамон, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус қайд гардид, ки гигиенаи шахсиро риоя кунанд, масъуният (иммунитет)-и организми худро қавӣ нигоҳ доранд.