БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ЭҲТИЁТ МЕБОЯД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Баҳористони Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуда, ҳангоми дастрасии сокинон ба варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он таъкид карда шуд, ки хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол чунин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад.  Ба  ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дода нашуда, барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода намоед. Ҳамзамон, дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg