ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вохӯриву суҳбатҳоро миёни аҳолӣ бо усули “хона ба хона” оид ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус” ( COVID -19) ҳамарӯза ба роҳ монда истодааст. Ин навбат дар ташкилотҳои ибтидоии кӯчаҳои ба номи “Н. Миралӣ” , “С. Турдиев” ва “М. Турсунзода”-и Ҷамоати шаҳраки Данғара баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ дар бораи ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои болозикр андешаронӣ карда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки ҳадафи асосии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушду тараққиёти Тоҷикистон мебошад.