БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло бо гурӯҳи љавононғихтиёриёни назди Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, ки барои корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба мубориза бо коронавирус сафарбар карда шуда буданд, мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ Иброҳимзода Неъматулло ба гурӯҳи волонтёрон барои иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҳизбӣ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки нақши ҳар яки мо дар мубориза бо ин беморӣ ҳалкунанда буда, мо метавонем, бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мардумро аз ин беморӣ огоҳ созем. Моро лозим аст, ки ба омма тадбиру чораҳои андешидашудаи давлату Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, мақсаднок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосилро фаҳмонем.