Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати мубориза бо бемории сироятии коронавирус, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ, захираи маводи хӯрока бо истифодаи заминҳои корам корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “хона ба хона” сурат гирифта истодааст. Зимни суҳбат масъулин оид ба бемории сироятии коронавирус навъи (COVID-19) ҳарф зада, сокинонро таъкид карданд, ки ба ҳар овозаҳои беасос дода нашуда, барои пешгирии ин бемории сироятӣ аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода баранд. Сипас, ба ҳамагон барои маълумоти зарурӣ пайдо кардан аз ин беморӣ варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.